Дар шаҳри Толятти Рӯзи Ваҳдати миллиро пуршукӯҳ таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия «Ватан» барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон хабар доданд.
Бино ба иттилои раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятти Шароф Азимов, «зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Толятти ва ноҳияҳои атроф фаъолият доранд, ҳамасола Рӯзи Ваҳдати миллиро дар якҷоягӣ ҷашн мегиранд».
«Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толятти 750 нафар аъзо дошта, аъзои он аз тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чунин сарҷамъӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки қариб ҳамаи ҷашну маросимҳои миллиро пуршукӯҳ таҷлил намоянд»,- зикр намуд Ш.Азимов.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






