Дар вилояти Суғд барои таъмири беморхонаҳо 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2017 барои таъмири иншооти тандурустии вилояти Суғд зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур асосан баҳри таъмири Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, ҳамчунин барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонидаи Маркази бемориҳои дил, Маркази клиникии эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда шудааст.
Ҳамчунин бо иқдоми раисони шаҳру навоҳии вилоят як қатор амалҳои созанда дар самти бунёди гармидиҳии муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то ин муддат барои корҳои таъмиру тармимӣ дар иншооти тиббӣ беш аз 5 миллион сомонӣ масраф гардид.
Имсол дар соҳаи тандурустии вилоят ба истифода додани 2 иншоот дар назар аст. Инҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом мебошанд. Маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегарданд.
Инчунин бо дастгирии Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар се ноҳияи таҷрибавии вилоят- Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд маркази саломатӣ оғоз гардидааст.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






