ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД БАРОДАРШАҲР МЕШАВАНД. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дод.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб дорои понтесиали васеъи ҳамкорӣ ва имконияти фаровони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра мебошанд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбеву Тошканд, таъсиси «Хонаи савдо» — и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва «Хонаи савдо»-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.
Дар рафти мулоқот ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дахл карда шуд.
Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.








Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд






