Хуҷанд: «Парвоз» кӯдаконро ба оғӯш гирифт

Июнь 24, 2017 10:24

ХУҶАНД, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Яке аз истироҳатгоҳҳои овозадори бачагонаи вилояти Суғд- «Парвоз» низ ба фаъолият оғоз намуд. «Парвоз» дар  басти якум 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳат фаро гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар расми кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои «Қотма»- и ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст, намояндагон аз мақомот ва шуъбаи маорифи  шаҳри Хуҷанд ширкат дошта, он аз қабули  муждаи сардорони дастаҳо ва хониши Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи рангину хотирмон намоиш дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз  шумораи умумии  истироҳаткунандагон  беш аз 30 нафарашонро наврасони ятим ташкил   дода, дар ду баст 300 нафар толибилмон ҷалб мегарданд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  истироҳат дар ду баст барои наврасон  ройгон буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар се басти истироҳатгоҳ беш аз 450 нафар хонандагон фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

 

 

Июнь 24, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид