Имрӯз, 16 июн, ҷумъа, 167-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 198 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 16, 2017 08:25

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

16 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

***

16 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату кумитаҳои  дахлдор, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва иттилоот машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистон баррасӣ шуданд.

***

Имрӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

***

Чор сол пеш, дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султоновро ба ҳузур пазируфтанд. Бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии накӯ, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аксари масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуда буд.

***

16 июни соли 2011 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои  ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд. Иштирокдорони ҷаласа ҷараёни татбиқи қарорҳои тасдиқгардидаи ҷаласаи мақомоти соҳавии ҳамкории ИДМ-ро, ки 18 марти соли 2011 дар Душанбе  доир гардида буд, баррасӣ намуданд.

***

Ҳамасола 16 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо (Рӯзи ҳимояи кӯдакони Африқо) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз дар робита ба ҳодисаи фоҷиабор, ки 16 июни соли 1976 дар Африқои Ҷанубӣ рух дода буд, роҳандозӣ гардидааст.

***

16 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ҷонибдорӣ кард.

***

 16 июни соли 1963 аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон  Валентина Терешкова бо киштии кайҳонии «Восток – 6» ба кайҳон парвоз кард. Ў замоне дар мадори замин қарор гирифт, ки кайҳоннаварди дигари рус Байковский машғули гардиш ба гирди кураи Замин буд. Терешкова ду сол баъд аз парвози аввалин марди кайҳоннаварди ҷаҳон – Юрий Гагарин ба фазо парвоз кард. Ӯ дар муддати 70 соату 50 дақиқа 48 бор дар гирди кураи Замин давр задааст.

***

114 сол муқаддам, 16 июни соли 1903 дар Америка Генри Форд ширкати мошинсозии «Форд Мотор»-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон мебошад.

***

16 июни соли 1903 аввалин маротиба тамғаи аксизии «Пепси-Кола» ба қайд гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1842 дар Иёлати Миссисипии Америка аз сабаби ба амал омадани тӯфони сахт зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

108 сол пеш, 16 июни соли 1909    якумин ҳавопаймои Америка бо арзиши 5 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.

***

 16 июни соли 1932 дар Олмон неруҳои миллатгарои ин кишвар  барҳам дода шуданд.

***

16 июни соли 1932 дар Чили табаддулоти неруҳои давлатӣ ба амал омада буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

 

Соли 2003  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ се лоиҳаи нав оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расониданд.

***

Соли 1982 футболбози англис Брайан Робсон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар бозӣ  бо дастаи  Франсия аз ҳама голи тезтаринро задаст. Ӯ дар сонияи 27-уми бозӣ   тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кардааст.

***

Соли 1995  Кумитаи байналмилалии олимпӣ Солт-Лейк-сити мавқеи баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии 2002 эълон намуда буд.

 

 

 

 

 

Июнь 16, 2017 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш