Имрӯз 22 июн, панҷшанбе, 173-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 192 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 22, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

22 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка Кен Гроссро ба ҳузур пазируфта буданд.  Оид ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвар, таҳкими ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

***

 22 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфта буданд. Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсуҳбаташонро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуданд.

***

3 сол пеш, 22 июни соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуданд. Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ мулоқот карданд ва пас аз он як зумра санадҳо ба имзо расиданд, ки  ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар  асоси устувор гузоштанд.

 ***

22 июни соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо намудани маблағ барои тадқиқоти археологӣ фармоиш имзо кардаанд.

***

Дар ин рўзи соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

ҶАШНҲО:

22 июн дар Гаити Рўзи Президент ва дар Конго Рўзи армия ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар ин рўз дар Салвадор Рўзи омўзгорро таҷлил мекунанд.

 РЎЙДОДҲО:

22 июни соли 2016 дар пойтахти Ўзбекистон – шаҳри Тошканд вохўрии 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардида буд.

***

346 сол муқаддам, дар ин рўзи соли 1671 Туркия бар зидди Полша ҷанг эълон кард.

***

22 июни соли 1857 дар Лондон аввалин рўзномаи мухолифин бо забони русӣ бо номи «Колокол» нашр шудааст.

 ***

Дар ин рўзи соли 1875 дар Франсия бо сабаби канда шудани дарёи Гаран зиёда аз 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ***

22 июни соли 1973 Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Созмони Милали Муттаҳид аъзо шудааст.

***

16 сол пеш, дар ин рўзи соли 2001 роҳбарияти ширкати «БМВ» тамғаи нави автомобили «БМВ Х-7»-ро муаррифӣ кардаанд.

***

Дар ин рўзи соли 1976 Парлумони Канада ҳукми қатлро дар ин кишвар манъ кард.

***

22 июни соли 1876 Испания Конститутсия қабул кардааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…

Соли 1984   киштии калонтарин дар олам- «Абдул- Азиз», ки барои шоҳи Арабистони Саудӣ сохта шуда буд, дар об ба ҳаракат даромад. Он 147 метр дарозӣ ва зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт.

***

Соли 1918 англисҳо дар фронти ғарбӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон амалиёти шабонаи танкиро ба роҳ модаанд.

 ***

Соли 1921  аввалин маротиба мавҷи  радиошунавонӣ ба роҳ монда шудааст.

 ***

Соли 1917 дар Тифлис аввалин ҷамъомади гурезагони Арманистон баргузор гардидааст.

***

Соли 1889  дар Олмон аввалин маротиба дар Аврупо нафақаи пиронсолӣ ҷорӣ карда шуд.

 

 

Июнь 22, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш