Имрӯз 29 июн, панҷшанбе, 180-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 185 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 29, 2017 08:36

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

29 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи соҳибкорони Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфта буданд.        Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ гардид. Таъкид гардида буд, ки ҳавасмандӣ ва пуштибонии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз тақвиятбахш ва такондиҳандаи қавии ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар аст.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуда буд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд анҷом доданд.

***

  29 июни соли 2012 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Президенти кишвар барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, саршумори паранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

ҶАШНҲО:

29 июн дар Ҷазираҳои Сейшел Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

РӮЙДОДҲО:

29 июни соли 1953 дар шаҳри Ҳисор осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба истифода дода шудааст.

***

29 июни соли  2016 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ багузор  гардидааст.

***

59 сол муқаддам, 29 июни соли 1958 Бразилия аввалин маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1964 аввалин маротиба пулти  идоракунии дудасти телевизион сохта шудааст.

***

29 июни соли  1995 дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) бинои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо чаппа шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расидаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 барои зиёдтарин воридшавандагони сомонаҳои интернетӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошта шудааст. Дар он сол ба сомонаи расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар як дақиқа зиёда аз 235 ҳазору 150 нафар ворид шудаанд.

***

29 июни  соли  1999 суди Туркия пешвои курдҳо Абдулло Оҷаланоро бо ҳукми қатл маҳкум кардааст.

 ИНЧУНИН ДАР Н РӮЗ…

Соли 1957  аввалин Фестивали ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

Соли 1855 дар  Лондон аввалин шумораи рӯзномаи «The Daily Telegraph» нашр шудааст. Соли 2006 теъдоди нашри он ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расида буд.

***

Соли 1916  аввалин ҳавопаймои ширкати «Боинг» ба осмон парвоз кардааст.

 

 

Июнь 29, 2017 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш