ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО. Бо ҳукми Суди Олӣ чор нафар барои одамкушӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд
ДУШАНБЕ, 1.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани одамкушӣ, роҳзанӣ ва хабар надодани ҷиноят чор нафар ҷинояткорон- Муродалӣ Миров ба муҳлати 22 сол, Амирбек Диллоев- 20 сол, Музаффар Ғоибназаров- 30 сол ва Анвар Ризоев ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Парванда имрӯз дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисикунанда, судяи Суди Олӣ Маҳмадалӣ Абдулҳақов баррасӣ гардид.
Муайян карда шуд, ки судшаванда Муродалӣ Миров бо писараш Рустам Миров ба тиҷорат машғул шуда, барои дарёфти маблағ манзили истиқоматии Р. Мировро дар филиали БДА «Амонатбонк» ба гарав мемонанд. Бо 100 ҳазор маблағи ба даст овардашуда аз ҶСК «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб тахминан 900 линча орд харидорӣ намуда, ба фурӯш мебароранд. М. Миров қисми маблағи аз фурӯши орд ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ба даст овардаашонро ба писараш Р. Миров надода, ба эҳтиёҷоти худ сарф мекунад. Моҳҳои август-сентябри соли 2016 М. Миров бо мақсади барнагардонидани маблағҳои ба даст овардааш ба судшаванда Амирбек Диллоев пешниҳод менамояд, ки бар ивази маблағ писараш Р. Мировро аз ҳаёт маҳрум созад. Амирбек Диллоев ба пешниҳоди М. Миров розӣ шуда, бо судшаванда Музаффар Ғоибназаров ба манзили М. Миров омада, барои содир намудани куштори писараш 1000 сомонӣ ҳамчун пешпардохт мегиранд. Мувофиқи ваъда М. Миров баъди аз ҳаёт маҳрум сохтани писараш боз 30 ҳазор сомонии дигар ба онҳо бояд медодааст. Судшаванда А. Диллоев барои куштани писарандари апааш- Рустам Миров фурсати муносибро интизор шуда, нақшаи куштори ӯ ва тасарруфи мошини ӯро тарҳрезӣ менамояд.
11 ноябри соли 2016 А. Диллоев ва М. Ғоибназарав тибқи нақша бо худ гулмехи оҳанин ва болға гирифта, бо мақсади амалӣ намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва куштор ба мошини Р. Миров нишаста, ба ӯ мегӯянд, ки мошинашро ба тарафи ҳудуди заминҳои деҳаи Ҷӯйбодом, Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ронад. Р. Миров, ки аз нияти наздиконаш хабардор набуд, мошинашро ба ҷойи муайянгардида меронад. Дар роҳ ҳангоми бархӯрдани мошин ба санг Р. Миров мошинро дар канори роҳ бозмедорад. А. Диллоев ва М. Ғоибназаров аз фурсати муносиб истифода бурда, бо гулмехи оҳанин ба ӯ ҳуҷум намуда, якчанд маротиба ба сару рӯи Р. Миров мезананд. Дар натиҷа номбурда дар дохили салони мошин ба ҳалокат мерасад.
Сипас ҷинояткорон ҷасади Р. Мировро ба шаҳри Ҳисор бурда, ба канали обгузари деҳаи Дурбади ҷамоати деҳоти Дурбад мепартоянд.









Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






