Ғизои мактабии Тоҷикистон дар ҷаҳон беҳтарин эътироф гардид!

Июнь 3, 2017 13:04

ДУШАНБЕ, 03.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард. Дар ин бора «Thomson Reuters Foundation» хабар медиҳад.
Маҷмуаи ошпазӣ дар ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонии «Gourmand World Cookbook Awards», ки шабеҳи «Оскар» аст, дар байни маҷмуаҳои ошпазӣ баҳои баланд гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ дар Янтаи Чин баргузор гардид. Дар мусобиқа намояндагони беш аз 200 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Илова бар ин, маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон дар табақабандии «Амнияти озуқаворӣ» соҳиби мақоми аввал ва мукофоти махсуси доварони мусобиқа шуд.
Маҷмуа соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия ба табъ расид.
«Ин эътирофи муҳим ва дастоварди барҷаста барои Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) дар Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки ин маҷмуа, ки дорои тавсияҳои ғизои солим мебошад, ба рушди устувори низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон саҳми худро мегузорад», — изҳор дошт директори БҶО дар Тоҷикистон Паоло Маттей.
Дар 200 саҳифаи маҷмуа тавсияҳои беш аз 127 намуд таомҳои анъанавии тоҷикӣ дарҷ шудаанд, ки онҳоро метавон аз маҳсулотҳои дастрас ва маъмулӣ омода кард.
Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БҶО) — калонтарин ташкилоти гуманитарӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳамасола беш аз 4 миллион маҳсулоти озуқавориро таъмин мекунад. БҶО соли 1963 ҳамчун мақомоти кумаки озуқаворӣ дар низоми СММ барои расонидани ёрӣ ба кишварҳои рушдкунанда таъсис ёфтааст.
БҶО дар Тоҷикистон барномаи таъмини 370 ҳазор мактаб бо хӯроки гарми нисфирӯзии ҳамарӯзаро татбиқ менамояд.
Ғизои мактабӣ аз рӯи низоми БҶО СММ одатан фарогири наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ё кулчақандҳои серғизост, ки ҳамарӯза ба хонандагони макотиб дода мешавад.

Школьное питание-2

Июнь 3, 2017 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд