Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 июни соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорат ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мавқеи сулҳу ваҳдат дар ҳамбастагии миллӣ” баргузор гардид, ки дар он намоянадагони Академия илмҳо ва Маркази тадқиқоти стратегӣ, собиқ сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, коршиносони сиёсӣ, олимон ва мутахассисон иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конференсия нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар ташаккули ҳувияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди сиёсати хориҷӣ, заминаҳои маънавию фарҳангии ташаккули Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ин санаи таърихӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки яке аз муҳимтарин самараҳои Ваҳдати миллӣ ин суботи пойдор ва амнияти давомдор дар сарзамини мост.
Дар робита ба шаклгирии сиёсати хориҷӣ дар он давра табодули назар сурат гирифта, фидокориву ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар роҳи истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мавриди таъкид қарор гирифт.
Дар конференсия зикр шуд, ки пас аз барқарории сулҳу оромиш Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор сохта, дар давоми чанд сол аз як кишвари ҷангзада ба оромтарин кишвари минтақа табдил ёбад ва Президенти мо пешниҳодкунандаву амалисозандаи чандин ташаббусҳои ҷаҳонӣ гардад. Аз ин нуқтаи назар, Ваҳдати миллӣ заминаи асосии ҳифз ва гиромидошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дониста мешавад.
Иштирокдорон Ваҳдати миллиро омили суботи ҷомеа ва нақшофарии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хонда, ҳифзи ваҳдату якпорчагиро вазифаи ҳар фарди ҷомеа донистанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






