Пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон нахустин амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, шуъбаи пайванди мағзи устухон, ки дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин Марказ ба кор шурӯъ кард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ нахустин буда, бо таҷҳизоти муосири пайвандсозӣ, ки истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонида шуд. Тавассути ин дастгоҳи махсус (спектр оптия) ҳуҷайраҳои бунёдие, ки аз бемор ё хешовандони ӯ гирифта мешаванд, барои муолиҷаи минбаъда ҷудо карда мешавад.
Тавре директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода зикр намуд, пайванди мағзи устухон нисбат ба пайвандҳои дигар аз ҷиҳати зеҳниву техникӣ хеле мураккаб аст, зеро барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз нафаре, ки бемории саратони хун, саратон ва омосҳои дигар дорад ба воситаи асбобҳои ҳозиразамон, ки арзиши хеле гарон доранд, гирифта мешавад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгоҳ барои шуъбаи навтаъсис харидорӣ ва насб карда шуд.
Инчунин зикр гардид, ки нахустин пайванди мағзи устухон дар нафари гирифтори бемории миелома бомуваффақият гузаронида шуд. Чунин намуди амалиёт барои беморони гирифтори лейкозҳои шадид ва хроникӣ, лимфомаҳо, миеломаҳо ва анимияҳои хроникӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар айни замон ба нафароне, ки гирифтори чунин бемориҳо ҳастанд аз ҳуҷайраҳои худашон гирифта, ба онҳо пайванд мекунанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ин иқдом яке аз дастовардҳои воқеан чашмраси тибби тоҷик буд, ки дар натиҷаи фаъолияти якҷояи Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бо мутахассисони варзидаи тоҷик, устодону профессорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар самти техникӣ, зеҳнӣ ва илмӣ ба даст омад. Ҳамзамон таҷрибаи хуби мутахассисони марказ, ки дар кишварҳои муттараққӣ чун Олмон, ИМА, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӣсломии Эрон ихтисоси худро такмил додаву таҷриба омӯхтанд, мусоидат намуд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шуда, то имрӯз дар ин марказ аз тарафи мутахассисони тоҷик беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шудаанд. Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон ва Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шудаанд.








Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






