Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар ҳайати 40 нафар 12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ буд, ба Ашқобод сафар карданд.
Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ашқобод намояндагони Вазорати фарҳанги кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин чорабинӣ дирӯз вохӯрии расмии ҳайати иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ва муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Баҳоргул Абдиева баргузор гардид.
Сипас, ҳайати мазкур аз Осорхонаи давлатии Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дидан намуданд.
Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июн, соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дар назар аст. Барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик, ки дар маросими кушодашавии ботантани ин маъракаи фарҳангӣ манзури тамошобинони Туркманистон мешавад, намунаҳои беҳтарини санъати рақс ва суруди халқи тоҷикро дар бар мегирад.
Хотиррасон менамоем, ки ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радио Хуршед Иброҳимов ва Парвин Маҳмадёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомил гардидаанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев роҳбари бадеии барнома мебошад.













Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






