Рашти бостон: имрӯз ва фардо (Ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида мешавад)

Июнь 26, 2017 08:30

ДУШАНБЕ, 26.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои  хеле сангини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.

Ноҳияи Рашт, ки порае аз хоки Тоҷикистони азиз мебошад, дар пешрафти иқтисодиёту фарҳанги мамлакати мо мавқеи ба худ хос дорад.

Сарвари заковатманди давлати соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дарк намуда буданд, ки ҳамаи амали зӯроварона дар охир бенатиҷа хоҳад буд. Сарвари ботадбир ва дурандеш хуб дарк мекарданд, ки танҳо бозӯи устувори сулҳу ваҳдат метавонад ҷомеаи моро аз вартаи ҷангу хунрезиҳо наҷот бахшад.

Таърих гувоҳ аст, ки на ҳама кишварҳои ба вартаи ҷангу низоъ афтида, ки сокинонашон муҳоҷири иҷборӣ шуда буданд, пас аз барқароршавии сулҳу субот барои баргардонидани онҳо тадбирҳои судбахш андешидаанд. Аммо Пешвои муаззами мо то бозгашти охирин гурезаҳо худро орому осуда ҳис карда натавонистанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки минтақаи Рашт яке аз маҳалҳои ҷангзада ба шумор мерафт ва, хушбахтона, моҳи сентябри соли 1996 насими сулҳ дар ин минтақа вазидан дошт. Созишномае, ки аз тарафи ҳарду гурӯҳи даргир дар шаҳраки Ғарм ба имзо расид, шуълаи фурӯзони он то давраи анҷоми музокирот хомӯш нагардид.

Бо талошу кӯшишҳои Пешвои миллатамон ва миёнаравии кишвару созмонҳои нозири музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади муҳим ба рӯи халқи тоҷик дарвозаҳои марҳалаи нави зиндагиро боз кард, ки онро метавон давраи созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоии Тоҷикистон номид.

Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллати моро давлатҳои мутамаддини ҷаҳон эътироф намуда, дар бартарафсозии муноқишаҳои дохилӣ аз он чун ибрати устувор ва бебаҳо истифода мебаранд.

Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Таҷрибаи сулҳи мо ғайр аз он, ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан мекунад, аҳамияти байналхалқӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад».

Расидан ба чунин мақсаду маром буд, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Рашт низ рушду такомул ёфт. Вобаста ба ин метавон гуфт, ки дар ноҳияи Рашт баъди расидан ба Ваҳдати комил беш аз 350 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарамамон сохта ба истифода дода шудаанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти рақами 600 ба тавсиб расид, самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шуд.

Дар асоси ин Барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маьлағгузорӣ аз 73 иншооти ба нақшагирифташуда, 64 тои он мавриди истифода қарор гирифта, дар 9 тои он идомаи корҳои сохтмонӣ дар назар аст.

Танҳо дар ду соли охир аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 21 иншоот оғоз гардида, ба маблағи 6 млн. 745 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Бунёди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Маҷмааи варзишии он, Коллеҷи тиббӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, биноҳои прокуратура, нозироти андоз, суғурта, тоҷпромбонк, тоҷикстандарт, таъмиру барқарорсозии қасри фарҳанги ноҳия, пули мошингузари байни деҳаҳои Барот Шарифзода ва Ҳиҷборак, ки орзуи садсолаҳои мардуми деҳоти Ҳиҷборак буд ва садҳо амсоли дигар аз дастовардҳое мебошад, ки дар ин даврон муяссари мардуми ноҳия гаштаанд.

Сатҳи зиндагии мардуми заҳматпешаи ноҳияи Рашт рӯз то рӯз баланд мегардад. Ноҳияи Рашт, ки ноҳияи аграрист, шуғли асосии мардуми он боғдорию зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Бо барқарории сулҳу субот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба назар мерасанд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, майдони кишти картошка соли 2000-ум дар ноҳия ҳамагӣ 92 гектарро ташкил дода бошад, соли 2017 он ба 1000 гектар расидааст.

Саноат ва соҳибкории хурду миёна дар ривоҷ аст. Истихроҷи ангишти конҳои «Назарайлоқ» ва «Камаров» ба зиёда аз 60 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин ангишти хушсифат на танҳо мардуми ноҳия, балки мардуми дигар манотиқ ва корхонаҳои саноатии кишвар истифода мебаранд.

Ҳоло дар пешорӯи мо ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад.

Сарфароз аз онем, ки тантанаи 20-солагии Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки барои кулли тоҷикистониён ва дигар давлатҳои дунё мактаби ҳаёт ва таҷрибаи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Июнь 26, 2017 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»