Шерхон Салимзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт маълумот дод. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Шерхон Салимзода ҳамчунин таъкид намуд, ки масъалаи қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва моддаҳои сахттаъсири психотропӣ ба Тоҷикистон ташвишовар боқӣ мемонад.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муовини Дабири кулли СААД Ара Бадалян, муовини Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Белорус Андрей Втюрин ва дигарон ширкат варзиданд.
Аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, баргузории амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, вусъат додани мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ба ҳудуди давлатҳои СААД изҳори назар намуданд.








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






