Қӯшунҳои сарҳадӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2017» зиёда 185 кг маводи мухаддир мусодира намуданд

Июнь 21, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2017» аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 185 кг маводи мухаддир ошкор ва мусодира карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ниҳоди мазкур хабар доданд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 6 кг 761 гр героин, 33 кг бангдона, 81 кг 680 гр ҳашиш,  63 кг 77 гр афюн, 1 кг амфетамин ва 179368 ниҳоли банги худрӯй мусодира гардид.

Бояд гуфт, ки амалиёти «Кӯкнор» бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва боздошт намудани интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамасола дар қаламрави  кишвар дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр  гузаронида мешавад.

Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.

Июнь 21, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд