Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо

Июнь 27, 2017 09:01

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Инсон хислати аҷибе дорад. Ба ҳар гуна ҷашни барояш азиз – аз рузи мавлудаш сар карда то ҷашнҳои бузурги миллиаш бо як илҳоми бузург, бо қалби пур аз орзуву умед ва саршор аз меҳру муҳаббат омодагӣ мегирад. Ва чун он ҷашн гузашт, оҳиста-оҳиста он шуъла хомуш мешавад ва чанд хотирае ва чанд наворе  боқӣ аз он мемонад ва шояд он ҳам дар баъзеҳо намонад. Аммо ман мехоҳам, ки  ин ҷашн дар қалби ҳар як тоҷик ва ҳар касе, ки худро дӯсти тоҷикон медонад, абадан бимонад ва аз хотираи таърихии мо ҳеҷ гоҳ зудуда нашавад.

 Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз  барои миллати тоҷик рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  мебошад, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше  буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.   Ба ин рўз саҷда гузоштан ва ихлос бастани  мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию  хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсўз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирўз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Ҳар гоҳе сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд ҳар касе кӯшиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё баён намояд. Вале воқеият ин аст, ки  Президенти кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон изҳор дошта буданд: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дўстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Воқеан ҳам  Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон  муҳимтарин ва муассиртарин омили  расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате,  ки тайи бист сол  сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст,  ки  дастовардҳои хотирмонеро  дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кўтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокртиву ҳуқуқбунёд  шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, нерўҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ  ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи баркарор кардани сулх ва ризоияти миллӣ дар Точикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, ӯро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналхалқӣ робитаи чандҷониба устувор кард.

Имруз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад  ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.  Аз ҷумла, ҷумҳурии мо   иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, САҲА, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СММ буда пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрузаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.

Тавре ки бармеояд, таъиноти муҳими сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ  ва тахкими иктидори дохилии кишвар аст. Ин ҳадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳамаи кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. Он ба пешбурди сиёсати «дарҳои боз» бо ҳама кишвархо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд ва зарурати он аз соли 2003 инҷониб таъкид мешавад,  аҳамияти хос медиҳад.

Бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар даврони ниҳоят мураккаб, зиддиятнок ва ҳассоси таърихи башарӣ ҷараён мегирад. Шинохти дақиқ ва воқеии мазмуни аслии равандҳо ва тамоюлоти муҳимтарини руз ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо на танҳо таркиб ва мазмуни мураккаб ва пуртаззод доранд. балки ниҳоят динамикӣ ҳастанд.

Дар маҷмуъ, сиёсати санчида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм,  қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои муосир, ширкати амалӣ ва масьулона дар ҳалли мушкилоти минтақавиву глобалӣ,  масъалаҳои мухимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд,  ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди  бузурги миллӣ ва таърихист.

Дар таъмини ваҳдати ҷомеа нақши  Пешвои миллати мо муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд,  Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рўбарў буд. Президенти мамлакат дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор  ҷиҳати ҳалли қазияи ҷанги кишвари мо шуданд, бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рў ба рў гардиданд, музокира карданд ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуданд. Имрўз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикис­тонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Президенти Тоҷикистон аз рўзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медиданд. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалиро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти равобити беғаразона доранд, мусоидат мекунад.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадри муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон борҳо изҳор доштаанд:  «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

  Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун мафкураи сиёсии (идеологияи) ҷомеаи мо пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

        Вазифаи мо, аҳли зиё,  пеш аз ҳама, омузиши ҳаматарафа ва амиқи зоҳиру ботини ин падидаи сарнавиштсоз ва ба таваҷҷуҳи донишҷуён расондани он,   тарбияи ин насл дар руҳи эҳтиром, ҳифз ва садоқат ба Ватан ва Ваҳдати миллӣ аст.

 

Июнь 27, 2017 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»