Ваҳдат тавонист миллати тоҷикро муттаҳид созад!
ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Ректори Донишкада Хайриддин Идиев изҳор намуд, ки «ҷавонони имрўза ҷавонони хушбахту боиқболи замонанд, зеро ҷавонии онҳо дар як ҷомеаи орому обод, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегузарад. Бист сол инҷониб мо ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар ҳақиқат, оғози марҳалаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон мебошад, таҷлил мекунем. Халқи тоҷик аз азал соҳиби андешаи баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буд ва роҳи ҳамдигарфаҳмию сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии ин миллати куҳанбунёд мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи нодир дар боби баҳамоӣ, муттаҳидии миллат ва хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби аксарияти созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст».
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода иброз намуд, ки «воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадааст ва ин заҳматҳо барои ҷавонон сабақи нотакрору омўхтаниянд. Мо бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда нишон диҳем, ки соҳибватан будан боиси ифтихор ва ҳамзамон ба қадри ин неъмати бебаҳо — Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти бузург мебошад. Зеро тавре Президенти мамлакат борҳо дар суханронии худ таъкид кардаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».
Иштирокдорон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки баҳри пойдории сулҳу ваҳдат саҳмгузор бошанд ва барои шукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






