Ваҳдати миллӣ–кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Июнь 27, 2017 08:27

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ  барои барқарорсозии сохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Чунки имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар Тоҷикистон, ки аз  рӯи омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кӯшта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 10  миллиард доллар хисорот ворид намуда буд, хотима бахшид.

Баъди касби истиқрори сулҳ кишвари мо марҳала ба марҳала ба барқарор намудани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ оғоз бахшида, аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Таҳия ва татбиқи барномаи мазкур имкон дод, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул карда шаванд.

Ҳамин тавр,  дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид.

Агар мо инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузориро зодаи Ваҳдати миллӣ гуем, иштибоҳ нахоҳад буд, чунки аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.

Бояд таъкид кард,  ки бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард.  Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Дар давоми солҳои 1997-2016 дар натиҷаи тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» беш аз 10888 адад иншооти хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуданд, ки ин раванд дар муътадил гаштани вазъияти макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию  иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7 фоиз таъмин гардид.

Ҳоло агар мо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони ба даст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, пас дар ин росто гуфта метавонем, ки  кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Агар дар солҳои аввали эълон гардидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 518,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2016 беш аз 54 млрд. сомонӣ  ва афзоиши воқеии он  ба 6,9 дарсад баробар гаштааст.

Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз  6216 сомонӣ ё тақрибан 70 маротиба ва музди миёнаи меҳнат бошад, 60 баробар зиёд гардида аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 348,3 милион сомонӣ баробар буд. Ҳамаи ин ба он боис гардид, ки сатҳи камбизоатӣ то се баробар паст шавад,  сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло равад. Зикр кардан бамаврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар соли 1997 ба 67,6 сол баробар буд.

Дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ ноил гаштан ба  нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ  аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегардад. Расидан ба ин мақсад, аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Тавре  болотар гуфтем, бо назардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиҳати такмил додани механизҳои озоди иқтисодӣ, сода гардонидани низоми андозбандӣ ва  ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба   рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, татбирҳои заруриро рӯи кор оварда, то имрӯз бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Ҳамин тариқ истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ин самт стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия ва тадбиқ гарданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ  ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда,  дар соли 2016 беш 67 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,3 маротиба зиёд мебошад.

Давоми солҳои 1997-2016 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, тақрибан 2,4 маротиба, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, тақрибан 1,5 маротиба зиёд гардидаанд.  Дар давраи барассишаванда, фонди музди меҳнати ин корхонаҳо аз 1,1 милион сомонӣ ва ҳаҷми даромад аз фурўши маҳсулот бошад, аз 6,1 милион сомонӣ то ба 329,1-6170,9 милион сомонӣ баробар гардид.

Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ арзёбӣ мегардад.

Таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон фароҳам овард, ки фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ дар кишвар беҳтар гардад. Айни замон бо мақсади  мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилоти маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.

Мувофиқи омори расмӣ, танҳо соли 2015 ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар 9750 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин рақам дар  соли 1997 ҳамагӣ ба 67,5 милион сомонӣ баробар буд.

Дар баробари ин, танҳо давоми солҳои 2010-2015 ҳаҷми қарзгузориҳо ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ 27,9 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз ин 18 миллиард сомонӣ ё худ 64,5 % он ба  соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбӣ ба назар расанд ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанўз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мондааст.

Итиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ беҳтар гардад. Бояд зикр намуд, ки давоми солҳои 1997-2016 дар ҳаҷми беш аз 4188,2 милион сомонӣ фондҳои асоси ба кор андохта шуданд, ки ин вазъи зиндагии мардум ва соҳибкоронро бамаротиб беҳтару хубтар гардонид.

Ҳамин тариқ аз баракати  истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеаи мо марҳилаи нав оғоз шуд, ки дар натиҷа кишварамон ба рушди устувори иқтисодӣ ворид гардид.

Ташабусҳои созандаи Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки кишвари мо бори севум ба қатори 10 кишвари пешсафи ислоҳотгар дохил гардад, ки ин, албатта, боиси ифтихор аст.

Дар фарҷом ҳаминро ментавон зикр намуд, ки таъмини пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллии ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёти он вобастагии зич дорад. Ҳар қадаре, ки сурати рушди иқтисодиёт таъмин гардад, ҳамон андоза кафолати бештари ҳифзи Ваҳдати миллӣ пайдо хоҳад шуд. Азбаски бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ омили асосии таъмини рушди иқтисоди миллӣ азрзёбӣ мегардад, пас ислоҳот дар ин самт бояд идома дода шавад, чунки  бо вуҷуди мушоҳида гаштани тамоюлҳои мусбӣ дар рушду инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузорӣ ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд.

 

А.  ОДИНАЕВ,

муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи

бахши хусусии МТС назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»