Агентии хоҷагии ҷангал бавуҷудоии чангу ғуборро ба иқлим мансуб медонад
ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Мутахассисон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои ба амал омадани чангу ғубор- ин буриши аз ҳад зиёди дарахтону ҷангалзор мебошад. Ин нукта имрӯз зимни нишасти хабарии роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма зикр гардид.
«Дар Тоҷикистон мавзеъҳои биёбону хушкии бузурге мавҷуд нест, ки сабаби сар задани чангу ғубор гарданд, танҳо дар қисмати ҷанубии кишвар мо ҳамагӣ 30- 40 гектар қумзор дорем, ки он ҳам қариб 50 фоизаш бо саксаул пӯшонида шудааст»,-гуфта шуд дар нишаст.
Бояд гуфт, ки масъулини Агентӣ ба вуқӯъ омадани чангу ғуборро дар кишвар ба иқлим вобаста медонанд: «Гарду ғуборе, ки дар кишвар ба амал меоянд, асосан аз сарҳад ба амал меояд- аз мавзеъҳои хушки Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон. Сарчашмаи чангу ғубор асосан ҳамон «боди афғонӣ» аст, ки аз ҷониби сарҳади Афғонистон мевазад. Яъне ин ба ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон вобаста аст»,-таъкид карданд роҳбарияти Агентӣ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






