Аз бағоҷи як мусофир як адад тангаи давраи подшоҳӣ ва 29 адад тангаи муосири Россия дарёфт ва мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 адад тангаҳои гардишашон мутаалиқ ба Россия ва замонҳои гуногун аз бағоҷи дастии шаҳрванди 26- солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.С., ки ба хатсайри Душанбе – Екатеринбург нияти парвоз дошт, зимни муоинаи гумрукӣ аз ҷониби гумрукчиён дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарёфт ва мусодира гардид.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 30 адад тангаҳои мусодирагардида 29 адад номинали сиккаҳои (1, 2, 5, 10 рубл ва 10, 50 копек) муосири Федератсияи Россия ва 1 ададаш сиккаи фулузии соли бароришаш 1821-ро ташкил медиҳад, ки дар маркази намои он бо ҳуруфи русии қадим -кирилӣ «2 копейки /Е.М» бо барги дарахти нахл дар ҳошия ва дар қисми болои марказӣ тоҷ ҳаккокӣ гардидааст. Дар самти муқобили ин сикка тасвири салтанати Россияи подшоҳӣ ва дар маркази он рамзи яке аз князгариҳои Россияи подшоҳӣ ҳаккокӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар асоси хулосаи мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаи мазкур дорои қимати таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба шаҳрванд Ҳ.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 3 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






