Ба Тоҷикистон бештар аз Россия, Беларус ва Туркманистон шакару равған ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 50 ҳазор тонна шакар асосан аз Россия ва Беларус ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 ҳазор тонна ё беш аз 18 фоиз зиёд мебошад. Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки воридот дар бозори молӣ наздик ба 52 фоиз ба Федератсияи Россия ва беш аз 23 фоиз ба Ҷумҳурии Беларус рост меояд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар ин давра воридоти шакар дар минтақаҳои кишварамон аз ҷумла, беш аз 87 фоиз ба вилояти Суғд, зиёда аз 11 фоиз ба вилояти Хатлон ва 1,2 фоиз ба пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе рост меояд. Дар бозорҳои кишварамон дар ин давра нархи миёнаи фурӯши як кг шакар аз 7 то 8 сомонӣ ба роҳ монда шуда буд.
Инчунин дар зарфи шаш моҳи соли равон воридоти равғани растанӣ ба Тоҷикистон, ки яке маҳсулоти аввалиндараҷа барои аҳолии кишварамон маҳсуб мешавад, 10,5 ҳазор тонна ё 20 фоиз афзудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба Тоҷикистон бештар аз Россия ва Туркманистон равғани растанӣ ворид гардидааст. Ҳиссаи Россия дар воридоти равған ба Тоҷикистон беш аз 80 фоиз ва Туркманистон наздик ба 10 фоизро ташкил дода, 7,9 фоизи равғани растании воридотӣ ба Тоҷикистон ба дигар кишварҳо рост меояд.
Зикр шуд, ки дар ин давра нархи миёнаи фурӯши равғани растанӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз 10 то 13 сомониро ташкил дод.








ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






