«Бегонапарастӣ хоси зани тоҷик нест»-суҳбатҳои инфиродӣ бо сокинони пойтахт
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки чанде пеш баргузор гардид, ҷиҳати аз байн бурдани таассубу бегонапарастӣ ва тақлидкориву риёкорӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз байн бурдани бегонапарастии бонувон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди гузаргоҳҳои маркази савдои «Садбарг» миёни фурўшандаҳо ва харидороне, ки рў ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.
Дар рафти баргузории чорабинӣ маълум гардид, ки он падидаҳои манфие, ки солҳои қаблӣ ҳамчун зоҳирпарастиву риёкорӣ ва анъанаҳои тақлидкорӣ дар байни занону бонувони марказ зуҳур ёфта буданд, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ва андешидани тадбирҳои дигар қисман аз байн рафтанд. Теъдоди зиёди занону бонувони маркази номбурда аз банди худнамоӣ ва таассубу тақлидкорӣ ва ҷиҳозпарастӣ раҳо гардида бошанд ҳам, ҳанӯз ба бегонапарастӣ рў овардани бархе аз фурўшандаҳо ва кормандони марказ ба чашм мерасад.
Тавре маълум гардид, сабаби рӯ овардани қисми зиёди чунин занон ба либоси бегона пайравӣ аз ба ном мўд, тақлид ба дигар занон, маҷбурсозӣ аз тарафи шавҳар, падар ва дигар мардони аъзои оила, таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои филмҳо, шабакаҳои интернетӣ, телефонҳои мобилӣ арзёбӣ карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми санҷиш бо бархе аз мардоне, ки бо намуди зоҳирӣ ва сарулибоси аз доираи фарҳангу одоби либоспўшӣ берун ва ба симои шаҳрванди пойтахт номуносиб гаштугузор мекарданд, низ суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода шуд.
Кумита тасмим гирифтааст, ки чунин мулоқотҳоро дар дигар марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, хизмати маишӣ ва тандурустӣ идома диҳад.