Бегонапарастиро пешгирӣ ва либоси миллиро тарғиб мебояд!

Июль 25, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ «Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоати кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуда буданд.

Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сохторҳои маҳаллии онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр гурӯҳи таблиғотӣ ва фаҳмондаҳидӣ оид ба пешгирии пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона таъсис дода шуда, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа байни сокинон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида истодаанд.

Вохӯриҳо аз 22 то 26-уми июл идома ёфта, зимни онҳо аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварда мешавад, ки худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва фарҳанги миллиро пеша намуда, аз пайравӣ ба фарҳанги бегона худдорӣ намоянд.

 

Июль 25, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд