Беш аз 21 млн. рубли русӣ музди меҳнати пардохтанашудаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ФР баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дахолати кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия дар нимсолаи аввали соли равон 21 млн. 826 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтанашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода зикр намуд, ки бо мусоидати намояндагӣ 32 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарорҳои судҳои болоӣ бекор карда шуда, аз ҷониби он зиёда аз 6357 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ дар Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ин давра 696 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






