Боздошти директори таълимгоҳ барои талаби пора аз довталаб
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти директори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, ки дар гирифтани пора барои дохил намудани як сокини шаҳри Исфара гумонбар мешавад, хабар медиҳад.
Тавре аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, омӯзгори Коллеҷи тиббии ш.Конибодом ва директори Коллеҷи мазкур, марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, номбурдагон рӯзи 4-уми июли соли равон бо маслиҳати пешакӣ барои дар ин Коллеҷ ҳамчун донишҷӯ дохил намудани ҷавонписари 22-солаи шаҳри Исфара, аз зани 54-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, маблағи 1800 доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд. Сипас, рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ тахминан соати 16:00-дақиқа, омӯзгор бо ҳамроҳии директори муассисаи мазкур дар утоқи кориаш дар Коллеҷи тиббӣ ҳангоми аз зани номбурда гирифтани маблағи 1800 доллари амрикоӣ дастгир карда шуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






