Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ бо иқтидори 30 кВт васл гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020», корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии 10 адад НБО-и хурд дар шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ванҷ, Мурғоб, Роштқалъа, Рашт, Айнӣ ва Панҷакент бо иқтидорҳои аз 75 то 10000 кВт, ки иқтидори умумиашон 13230 кВт-ро дарбар мегирад, ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро чанд лаҳза пеш зимни нишасти хабарӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз дошт.
Ба гуфтаи вазир, баҳри иҷрои Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
«То имрўз дар доираи «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» ва Лоиҳаи «Барномаи таҳвили технология ва рушди бозор барои НБО-и хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳаи Сорвои ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат НБО-и хурди «Сорво-7» бо иқтидори 30 кВт мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати олмонии «DPU Investment GmbH» ва ширкати тоҷикистонии «Netracon Technologies Fze» тариқи кумаки бебозгашт дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон як адад таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ бо иқтидори 30 кВт васл карда шуд, ки он барои ҷорӣ намудани технологияи муосири олмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаомўзии донишҷўён ва мутахассисони соҳа бо неругоҳҳои барқи офтобӣ нигаронида шудааст»,- иброз дошт Усмоналӣ Усмонзода.
Ба таъкиди Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об тақвият бахшида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






