Дар вилояти Хатлон семинарии омӯзишӣ ҷиҳати фаъолгардонии занон доир карда шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар доираи нақшачорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи нави давлатии «Тартиб, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» семинари омӯзишӣ баргузор намояд.
Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақсади баргузор намудани семинар фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву –ҳуқуқӣ ва малакаи касбии онҳо мебошад.
Дар кори семинар намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ҳамоҳангсозони Барномаи мазкур иштирок намуданд. Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сабзагул Зокирова иттилоъ дод, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби занон ва духтарон дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ ба нақша гирифта шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






