Дар як шабонарӯз ду задухӯрди мусаллаҳона байни сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон ба амал омадааст
ДУШАНБЕ, 04.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 3 ба 4-уми июли соли равон хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҳангоми таъмини ҳифзи хати сарҳади давлатӣ дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ» кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани марзи давлатӣ ва интиқол додани маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.
«Қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд», — хабар дод М. Улуғхоҷаев.
«Аммо қочоқбарони афғон ба тирпаронии ҷавобии сарҳадбонон тоб наоварда, рӯ ба гурез ниҳоданд ва ба ҳудуди Афғонистон фирор намуданд», — зикр кард сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ.
Мувофиқи хабари расмӣ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 16 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин шаби 3 ба 4- уми соли равон задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо гурӯҳи дигари қочоқбарони Афғонистон дар минтақаи марзбонии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба қайд гирифта шудааст.
«Гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон аз шиддати оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик ақибнишинӣ карда, ба ҳудуди Афғонистон баргаштанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбарони 30-35 солаи шахсияташон номаълум пайдо шуда, 4 кг маводи мухаддири навъи чарс, 1 кг маводи мухаддири навъи афюн, як адад телефони мобилӣ, як адад корди шикорӣ низ аз маҳали задухӯрди мусаллаҳона дарёфт ва мусодира карда шуд», — омадааст дар хабари расмии Маркази матуботи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Вобаста ба ҳар ду ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон аз ҷониби муфаттишони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот оғоз карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр мебошад ва мураккабтарин минтақаи сарҳадӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониста шудааст.
А. Сангзода








Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ПЕШГИРИИ СӮХТОР. Қоидаҳо бар зидди сӯхторро қатъиян бояд риоя намуд
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намуд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд
Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд






