Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 29.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Аз 4 то 13 августи соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир мегардад, ки дар он 2 варзишгари Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷумҳурии мо гурзпартои машҳур, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров меъёрҳои муайяннамудаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабукро (IAAF) иҷро ва ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳонро пайдо кард. Дилшод Назаров 9 июл дар чемпионати Осиё (Ҳиндустон) сазовори медали тилло гардида буд.
Мавриди зикр аст, ки варзишгари дигари мо Кристина Пронженко (дар намуди дав ба масофаи 400 метр) тибқи квотаи IAAF дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 47 қувваозмоӣ – 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва 23 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мегарданд.
Кристина дар намуди дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа миёни бонувон рӯзҳои 6-7 август рақобат мекунад. Дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтан, қувваозмоиҳо то 11 август идома меёбанд.
Қувваозмоии гурзпартоӣ, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад, 9 август шурӯъ мегардад. Даври финалии қувваозмоӣ 11 август баргузор мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин сазовори медали нуқра шуда буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






