«ЭЙ ДУСАД ЛАЪНАТ БАР ИН ТАҚЛИД БОД!» (Андешаҳои бузургони адабиёти тоҷику форс дар мазаммати таассуб ва хурофот)

Июль 17, 2017 08:12

ДУШАНБЕ, 17.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат, ки ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.

Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кӯшиш намояд, на бар зарари хеш». Ҷаноби Олӣ вобаста ба ин ҳадисе аз  Қуръонро мисол оварданд, ки дар он омадааст: «Худо парҳезкоронро дӯст медорад». Ин ҷо парҳез аз ҳама аъмоле дар назар дошта шудааст, ки бар зарару зиёни худи мардум аст: парҳез аз  баднафсӣ,  исрофкорӣ, бегонапарастӣ,   тақлидкорӣ, сухани бад, роҳи каҷ, мардумозорӣ ва ғайра. Ин амалҳо садҳо сол пеш дар осору ашъори бузургони адабиётамон низ мазаммат шудаанд. Дар ин бора устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон номзади илмҳои филология, дотсент Дилрабо Раҳматова чунин ибрози андеша намудааст:

Қабл аз он ки мо дар хусуси хурофот ва таассуб ҳарф бизанем, бояд чӣ маъно доштани ин мафҳумҳоро донем. Дар  китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «хурофот» – ақида ва фикрҳои пучу беасос, вожаи «хурофотпарастӣ»- пайравӣ ва боварӣ ба ақидаҳои хурофӣ ва мавҳумот маънидод шудаанд. «Таассуб» бошад, бо се маънӣ тавзеҳ дода шудааст: 1. Тарафдорӣ ё душмании бисёр нисбат ба шахс; 2.Ҳимоят ва ҷонибдорӣ, орият; 3. Тарафдорӣ аз ақоиди динӣ ва маросими кўҳнаи миллӣ, фанатизм, кинаҷўӣ…(ФЗТ. Ҷ.2, саҳ.283-284).

Хурофот ва таассуб ҳанўз аз давраи қадим дар шаклҳои гуногун дар ҷомеа роиҷ гардида, азбаски ба он бовар доштанд, дар ҳамин замина мақсаду манфиати ниҳонии гурўҳи муайяни одамон амалӣ мегардид.

Тадриҷан хурофот ва таассуб ба афкори сиёсӣ махлут гардида, тавонистааст бар решаи ташаккули халқу миллатҳо газанд расонад. Саъдии бузургвор дар ин бора мефармояд:

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аъзои ў аз ҳам шикаст.

Яъне,  қавме  ки  таассубпарастанд,  рўзе  мерасад, ки ба ҷуз қабули расму оин ва анъанаву фарҳанги  бегона дигар чорае нахоҳанд дошт, зеро ин қавму миллат шахси шикаставу забунро мемонанд. Беҳуда нест, ки зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо чунин ҳушдор додаанд: «Агар миллатеро аз байн бурдан хоҳанд, аввал забон ва сипас фарҳанги ӯро нест мекунанд». Ба ин маънӣ   аллома Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Имрўз ин падидаи номатлуб, яъне таассубу хурофот  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои  зиёде эҷод карда истодааст ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад. Масалан, натиҷаи хурофатпарастӣ ва таассуб ба он оварда расонд, ки мардуми мусалмони мамлакати як вақтҳо тараққикардаи Сурия ба андешаҳои ифротии гурўҳе дода шуда, аз ҳам пош хўрд. Имрўз ҷангҷўёни созмони террористии бо ном «Давлати исломӣ»  бо такя ба таассубу хурофоти одамон хатари бузургеро барои мардуми ҷаҳон эҷод кардааст. Саъдии Шерозӣ гӯё аз ҳоли  имрӯзаи  кишварҳои мусалмонии Шарқ изҳори таассуф намуда, садҳо сол пеш гуфтааст:

Ҳайфи  умре, ки ҳама дар пайи ғафлат гузарад,

Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.

Маатаассуф, ин дарде, ки кишварҳои Шарқи Наздик имрўз ба он  дучор гардидаанд, ба тамоми халқҳои сайёраи замин бетаъсир намондааст. Ва Тоҷикистони мо низ истисно нест. Ҳодисаи  нангине, ки дар аввали моҳи  сентябри соли 2015 туфайли  даст ба ҷинояти зидди давлат ва миллат  задани  гуруҳи  мусаллаҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон рух дод, гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин ҳодиса нишон дод, ки гурўҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки тинҷию оромии кишвар ва мардум барояшон арзише надорад. Онҳо тайёранд аз хурофотпарастию бегонапарастии иддае аз мардум истифода карда, суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд ва соҳиби мансаб ва молу мулки ҳангуфт гарданд. Хушбахтона, имрӯз давлати Тоҷикистон муқтадир аст ва ҳаргиз  намегузорад, ки ин гуна ашхос ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Тири ин гуна ҷинояткорон ҳамеша хок хоҳад хӯрд, зеро, чуноне Умари Хайём дар як рубоияш мегӯяд:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2016  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё изҳори таассуф намуда, иброз доштанд, ки «терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд». Ҷаноби олӣ таъкид намуданд, ки  доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. «Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст,-изҳор намуданд Президенти мамлакат.-Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Шайх Саъдӣ дар ин бора дуруст фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар   узвҳоро намонад қарор.

Боиси ифтихори мост, ки  ин мисраҳои Саъдии бузургвор, азбаски  дар ҳама давру замон барои ҳама халқу кишварҳои ҷаҳон муҳиму рӯзмарра ва қобили мулоҳизаву дастгирӣ буданд ва хоҳанд монд,  пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳидро дар шаҳри Ню-Йорк зиннат медиҳанд.

Руми-2Тақлиди кӯркӯрона ва беасос низ, ки боиси аз байн рафтани фарҳангҳо, миллатҳо ва давлатҳои том мегарданд, натиҷаи хурофоту таассуб ва нодонию ҷаҳолат аст. Худо касро дар банди ҷаҳолат наафканад, вагарна рӯзҳои сахте насибаш хоҳад гашт. Бубинед, бегонапарастӣ, тақлид ба арзишҳои бегона мардуми Сурияро ба чӣ фалокате рӯ ба рӯ кард. Садҳо ҳазор кушта шуданд, шаҳрҳои обод харобу биёб гардиданд, давлат дар ҳоли аз байн рафтан қарор дорад.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар ин бора барҳақ фармудааст:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Бале, андешаҳои ноҷо ва ботил, ки тақлидкорона садо медиҳанд, боиси аз байн рафтани фарҳанг, раму оин ва  гаравидан ба оинҳои бегона мегарданд. Устодони сухан садҳо ва ҳазорҳо сол муқаддам  ин маризии ҷомеаро пешгўӣ намуда, дар асарҳои хеш бегонапарастӣ ва тақлидкориро сахт маҳкум намудаанд.

Яъне андешаҳои ифротӣ маҳз имрўз ба вуҷуд наомадаанд, ин дарахт решаи куҳан ва маҳкам дорад ва то имрўз бо меваҳои заҳрогини хеш афкори мардумро вайрон, оромӣ ва суботи ҷомеаро коста ва нафарони гумроҳгардидаро хонабардӯш месозад. Аз ин падида чӣ давлатҳои мутараққӣ, чӣ давлатҳои рў ба инкишоф ва  чӣ кишварҳои қафомонда яксон зарар мебинанд.

Хуллас, ашхоси гумроҳ афкори ифротиро пешаву пайгирӣ ва тарғиб намуда, барои мардуми сайёра хатари бузургеро эҷод карда истодаанд.

Афсӯс, ки ин ҳамаро ба дини мубини Ислом нисбат медиҳанд, то мардум бовар кунанд. Ва мардуми соддаву ноогоҳ бовар мекунанд. Ҳол он ки Ислом зидди ҳама гуна хурофоту таассуб, зидди исрофкорӣ, дурӯғу газзоф, бадкирдорӣ, мардумозорӣ, одамкушӣ ва харобкорист.

Тавре шоири машҳур Ҷалолиддини Афғонӣ  фармудааст,

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст. Ба ибораи халқ, забону дил бояд як бошанд ва забон аз гуфтори  бад боздошта шавад. Худо аз одами мардумозор безор аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ин бобат мефармояд:

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Сазовори ёдоварист, ки  Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хеле хуб гуфтанд: «Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд. Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш».

Тавре аз гуфтаҳои боло ва маънии абёти бузургони адабиётамон   бармеояд, тақдири миллат дар дасти худи ўст, ба бегонагон умед бастан ва хиддматгузори дасти онон будан ғалати маҳз аст, ки бояд ҳар нафари дар андеша ва аъмолу афъол ноустувор инро ба хубӣ донад. Дар кишваре, ки ғоя ва арзишҳои асили миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорўи бархӯрдҳои манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ ва расму оини  бегона  роҳ нахоҳанд дод.

Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз некандешӣ, сулҳудўстӣ, ёриву бародарӣ ва муҳаббату вафодорист,  на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро  на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонанд.

 

Дилрабо РАҲМАТОВА

Дар расмҳо: тасвири Ҷалолиддини Румии Балхӣ

(Маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Донишкадаи

давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон истифода шудааст)

 

Июль 17, 2017 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд