Идомаи нишастҳои матбуотӣ бо иштироки роҳбарони вазоратҳои адлия, саноат ва технологияҳои нав, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг»
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июли соли 2017 роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Мулоқоти роҳбарияти КВД «Тоҷикагролизинг» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст. Нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 ва нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) гузаронида мешаванд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон соати 15 ба маҷлисгоҳи бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нав (хиёбони Рӯдакӣ, 22) даъват кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






