Ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор гардиданд

Июль 17, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 225,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд, ки аз он 151, 2  млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони самти оперативию тафтишотии Агентӣ 1218  ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст. Аз ҷумла 281 ҷиноятҳои азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ ва марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор карда шудааст.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июл баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

 

Июль 17, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад