Кумитаи кор бо занон ва оила барои муайян намудани нишондиҳандаҳои зӯроварӣ дар оила тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дод

Июль 28, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нимсолаи аввали соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазору 503 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 146 адад кам мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ иттилоъ дод.

Мавсуф дар мавриди сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон гуфт, ки  дахолати хешу табори наздик, нофаҳмӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва таваллуди кӯдакони маъюб омилҳои  асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон маҳсуб мешаванд.

«Сабаби дигари ба ҷудошавӣ омада расидани оила-зӯроварии хонаводагӣ мебошад. Имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ корҳои зиёд иҷро намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид  ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» барои муайян намудани нишондиҳандаҳои зӯроварӣ дар оила дар ҷумҳурӣ тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дод»,- иброз дошт Марҳабо Олимӣ.

Тибқи иттилои муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ 5 ҳазору 40 ададро ташкил намуд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли  2016  5 16 адад зиёд мебошад.

Июль 28, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд