Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби Озмуни Ҷопон гардид!
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли 2017 дар шаҳри Токио бахшида ба ҷоизаи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ҷамъомад баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур ҳамчун беҳтарин тарҳи татбиқшуда аз ҷониби ширкатҳои ҷопонӣ дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар интихоб шудааст.
Ин лоиҳаи дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.» ва «Dai Nippon Construction» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ шудааст.
Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Ҷопон (Japan Society of Civil Engineers JSCE) барои тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ширкатҳои «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.», «Dai Nippon Construction» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Тоҷикистонро бо ҷоиза сарфароз намудааст. Ин шашумин ҷоизаест, ки аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Ҷопон барои тарҳҳои пешқадам дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ, ки дар хориҷи кишвар татбиқ шудаанд, мукофонида шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бар асоси даъвати роҳбари ширкати «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.» дар ин ҷамъомад ширкат намуд.
Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон ҷонибҳои иштирокчиёнро аз таҳия ва татбиқи лоиҳаи мазкур табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи чунин корҳо минбаъд низ ҳадафи мукофотҳои байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Сафир аҳамияти тарҳи татбиқшударо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди бахши иҷтимоӣ таъкид сохт.
Корҳои сохтмонӣ оид ба барқарорсозии низоми таъминоти об дар доираи ин лоиҳа аз моҳи марти соли 2013 то охири соли 2016 гузаронида шудааст. Низоми татбиқшудаи обтаъминкунӣ аз ду обанбор, яке дар ҳаҷми 1800 м3 ва дигаре дар ҳаҷми 250 м3 иборат буда, аз рӯи сохт лоиҳаи ягона дониста шудааст ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи ҳаммонанд сохта нашудааст. Зиёда аз 29 ҳазор аҳолии ноҳияи мазкур бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин дар навбати худ ба беҳтаргардонии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






