М. Худоёров барои ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро қабул ва ҷонибдорӣ кардан 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид

Июль 17, 2017 09:50

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи  И. Сомонии  шаҳри  Душанбе  М. Худоёров бо моддаи 32  қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор  дониста  шуда, ба  муҳлати 12 солу 6 моҳ  аз озодӣ маҳрум гардид.

М. Худоёров аввалҳои соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Климовский Федератсияи Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доштан тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Телеграмм», «Вотсап» ва «В контакте» бо узви ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» Абу-Салоҳ Ахмедов ном ӯзбекзабони шахсияташ ба тафтишот номаълум шинос шуда, ғояҳои ин гурӯҳро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Номбурда дидаю дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданро кардааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, М. Худоёров дар вақти сафар тариқи хатсайри «Москва-Истанбул» дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово ҳангоми бақайдгирии чипта аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардид.

Июль 17, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад