Медали нуқраи Сорбон Латифов дар мусобиқаи байналмилалии самбои рамзӣ
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Сорбон Латифов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои рамзӣ барои ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.
Сорбон Латифов, варзишгари тоҷик дар рақобатҳо оид ба самбои рамзӣ дар вазни -62 кило баъди ду пирӯзӣ бар варзишгарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба сабқат баромада, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз ҷониби варзишгари қазоқ мағлуб гашт ва мақоми дуввумро ишғол намуд.
Тавре, ки аз Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон (Беларус, Булғористон, Гурҷистон Арманистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Монголия, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҷопон) қувваозмоӣ мекунанд.
Сурӯш Каримов, варзишгари дигари тоҷик низ дар ин мусобиқа иштирок дошта, дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни -82 кило имрӯз, 8 июл вориди рақобат мешавад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Сорбон Латифов рӯзи шанбе, 9 июл дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни -62 кило рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






