Миёни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия назорат пурзӯр гардидааст

Июль 28, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли равон  аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1218 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудаанд.  Ин нуктаро имрӯз  Сулаймон Султонзода,  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  баён дошт.

Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба тадбирҳои андешида барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ миёни кормандони Агентӣ  Сулаймон Султонзода   чунин посух дод: «Имрӯзҳо дар назди  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати амнияти дохилӣ фаъолият менамояд, ки таъмини амнияти дохилӣ, дарёфт ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ миёни худи кормандони ин ниҳод ба дӯши он вогузор карда шудааст».

Сулаймон Султонзода инчунин таъкид намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аз байн бурдани қонунвайронкунӣ миёни кормандони худи Агентӣ ва, дар маҷмӯъ, бо мақсади решакан намудани ин зуҳурот дар кишвар чораҳои амалӣ мебинад.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар самти коррупсия ба қайд гирифашуда  417 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил намудаанд. Аз ин миқдор 281 адад ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ буда, 61 адади дигари он ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон ҳисобида мешаванд.

Июль 28, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст