Мулоқоти директори АМИТ «Ховар» бо роҳбарияти идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» ва идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» мулоқоти директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид. Ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар мулоқоти мазкур намояндагони дафтари матбуоти Ҳукумати Синзяни Хитой, идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян», идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» муаррифӣ намуданд.
Зимни мулоқот Саидалӣ Сиддиқ, директори АМИТ «Ховар» оид ба таърихи 92-солаи Агентии иттилоотии «Ховар, солҳои нахустини фаъолияти он, душвориҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, муваффақиятҳои беназири нимаи дуюми асри ХХ, таҳаввулоти сохтории агентӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, инчунин сабку услуб, тарзи пешниҳоди хабари дақиқу саҳеҳ ва доир ба ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ба меҳмонон маълумот пешниҳод кард.
Хизиркелдӣ Абдураҳмон, раиси Кумитаи таблиғотии Ҳизби коммунисти музофоти Синзян, роҳбари ҳайати меҳмонон изҳор кард, ки музофоти Синзян дар давоми чанд соли охир ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ мушарраф гашта, сохтмони иншооти гуногун, роҳу нақбҳо ва дигар инфрасохторҳои зарурӣ ба таври густурда ҷараён дорад. Сатҳи зиндагии сокинони музофоти Синзян ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин минтақа ба таври бесобиқа боло рафтааст. «Мо омода ҳастем ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, дар амалӣ шудани ҳадафҳои стратегӣ ва иҷрои барномаи Стратегияи миллии рушд кумаки беғаразонаи худро расонем», — зикр кард Хизиркелдӣ Абдураҳмон.
Зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории судманди АМИТ «Ховар» бо идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» ва идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаи мазкур қарор карда шуд, ки дар наздиктарин фурсат санадҳои зарурӣ барои барқарор намудани ҳамкорӣ байни Агентии «Ховар» ва ин ду нашрияи маъруфи Ҷумҳурии Халқии Хитой омода карда мешаванд.
Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки муносибатҳои неку дӯстона байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси муносибатҳои самимонаву дӯстонаи роҳбарони ду кишвари шарики стратегӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин ба роҳ монда шудаанд.
Мулоқот дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор шуд.
Хотиррасон мешавем, ки дирӯз ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади таҷлили 5-солагии таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ба Тоҷикистон омадаанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






