Мулоқоти Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Иззам Абдулкарим Алқейн мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ дипломати тоҷик ба ҷониби Саудӣ даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Одил ибни Аҳмад Алҷубайрро барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 15-16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






