Муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо хонум Афшан Хан — роҳбари минтақавии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳо ибрози ақида намуда, аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд гардид, ки яке аз ниҳодҳои фаъол дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ин Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст ва механизми самараноки амалисозии пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба шумор рафта, тавассути он фаъолияти мақомоти давлатӣ, маҳаллӣ, шаҳраку деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ва танзими масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ҳамоҳанг карда мешавад.
Ҳамчунин Афшан Хан иброз намуд, ки тайи чанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид омодааст, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳамаҷониба расонад.
Тарафҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва самаранок истифода бурдани имкониятҳоро мутақобилан судманд баҳогузорӣ намуда, талошҳои муштаракро ба хотири густариши беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои ҳарду ҷониб хонданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






