Носир Саидов: «Аз такрори барзиёди барномаҳо даст кашида, бештар барномаҳои аслро ба бинандагон пешниҳод намудем»

Июль 12, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишаст директори Муассисаи мазкур Носир Саидов зикр кард, ки  дар  нимсолаи аввали соли равон  ҳайати эҷодии  муассиса кӯшиш кард, ки  аз такрори барзиёди барномаҳо даст кашида, бештар барномаҳои аслро ба бинандагон пешниҳод намояд.

«Ҳамин буд, ки  дар семоҳаи дуюми соли равон  14   барномаи нав, аз  қабили «Кӯҳандиёр», «Шоми Душанбе», «Қадамҷо», «Эпилог», «Ёрии таҷилӣ», «Имзои муҳаббат», «Пурсуков», «Рӯ ба рӯ», «Тафсир», « Сират», «Тану ҷон», «Сайри Тоҷикистон», «Шоми ғазал», «Як рӯзи ман», «Деҳи ман» ва «Санҷиш» дар жанрҳои гуногун  таҳияву пахш гардиданд»,-афзуд  Н.Саидов.

Директори  «Телевизиони Сафина»  ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар семоҳаи дуюми соли равон  бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарғиби мероси фарҳанги халқи тоҷик ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни халқ дар ҷодаи санъати рақс, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва эҳёи фолклор  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017»-ро  роҳандозӣ  намуд. Фестивал-озмун  охири моҳи сентябр дар доираи ҷашнгирии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида,  ғолибони он зимни як консерти калон бо диплому мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Июль 12, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд