Пайвандсозии мағзи устухон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд

Июль 12, 2017 16:03

ДУШАНБЕ, 12.07.2017/АМИТ «Ховар»/.  Моҳи июни соли равон аввалин маротиба дар кишвар, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шўъбаи пайвадсозии мағзи устухон ба фаъолият шурўъ намуда, ба 2 нафар бемор чунин амалиёт гузаронида шуд, ки ин як дастоварди наҷиби соҳаи тиби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуқтаро имрӯз Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки   шуъбаи пайванди мағзи устухон  дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин Марказ ба кор шурӯъ карда,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ нахустин  ниҳодест, ки  бо таҷҳизоти муосири пайвандсозӣ, ки истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шуда, то имрўз дар маҷмўъ ба зиёда аз 306 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 19 нафар беморон  ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Ба иттилои Насим Олимзода,  дар 6 моҳи соли 2017  ба 36 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Ҳамзамон, дар муассисаи мазкур дар 6 моҳи соли равон ба 28 нафар беморон ва то имрўз дар маҷмўъ ба 63 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ ва диабети қанди навъи 2 бомуваффақият анҷом дода шуд.

Тибқи иттилои дастрас,   ба «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» аз хориҷи кишвар низ муроҷиат менамоянд, ки дар байни онҳо    шаҳрвандони   Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон,  Афғонистон ва  Исроил мебошанд.

Июль 12, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд