Раиси Кумитаи телевизион ва радио пешниҳоди хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҷонибдорӣ кард

Июль 14, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ  оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур  байни роҳбарияти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  дар  мавзӯъҳои сатҳу сифати барномаҳои Телевизиони «Тоҷикистон», забони онҳо, рушди синамои тоҷик ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа  суолу ҷавоб   сурат гирифт.

Дар нишасти хабарӣ хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Тилло Некқадам  пешниҳод намуд, ки   тавре синамогарони қазоқ дар бораи Президенташон  Нурсултон Назарбоев филми ҳунарӣ офаридаанд,   хуб мешуд, ки синамогарони   тоҷик низ чунин як  филме ба навор гиранд, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллатро инъикос намояд.   Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён роҷеъ ба  пешниҳоди мазкур  зикр кард, ки   филми бадеии «Фазои бачагии ман» («Небо моего детства») –ро, ки дар бораи Нурсултон Назарбоев таҳия шудааст,  тамошо кардааст, ки он хеле хуб офарида шудааст. Номбурда илова намуд, ки синамогарони тоҷик низ дар ин  маврид нақшаҳои зиёд доранд ва  барои офаридани филми ҳунарӣ дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми имкониятҳоро доранд.    М.Шоҳиён  ҳамчунин   зикр кард, ки Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ  омода аст барои дарёфти беҳтарин   сенария  озмун эълон намояд ва ҳамаи эҷодкорони ҷумҳурӣ  метавонанд  дар он иштирок намоянд.

Роҳбарияти кумита зимни посух ба  суолҳои хабарнигорон   дар бораи тадбирҳои андешидашуда  дар мавриди ба ҷойи филмҳои бегона, аз ҷумла туркиву эронӣ таҳия ва  пахш намудани филмҳои ҳунарии   истеҳсоли синамогарони тоҷик, ки  тараннумгари таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла либоси миллӣ  мебошанд,  посух дода, аз ҷумла зикр намуд, ки  айни ҳол лоиҳаи «Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022» таҳия гардида истодааст ва роҳандозии барномаи мазкур барои тавлиди беҳтарин филмҳои ҳунарии истеҳсоли синамогарони тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади рушди синамои тоҷик дар бораи ба корхонаи  мустақил табдил додани Киностудияи «Тоҷикфилм»   пешниҳодҳо таҳия гардида истодаанд.

 

Июль 14, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд