Роҳбарони саноат ва хоҷагии ҷангали ИДМ дар Беларус ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 21 июли соли равон дар Беларус ҷаласаи байниҳукуматии Шӯро оид ба соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа дар қатори роҳбарону намояндагони идораҳои марбут ба саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ миёни идораҳои соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали кишварҳои ИДМ барраасӣ гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали ИДМ 19 сол муқадам, соли 1998 бо мақсади ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкориҳо байни идораҳои саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали кишварҳои Иттиҳод созмон дода шудааст. Шӯро дар ҳайати худ кишварҳои Арманистон, Беларус, Молдова, Россия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид намудааст. Раиси Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангал дар ду сол як маротиба аз миёни яке аз роҳбарони идораҳои хоҷагии ҷангали ИДМ интихоб мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






