«РОҲИ ТАҚЛИД АСТ ОХИР БЕБАҚО…»
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвари мо як ҷаҳон маънӣ аз китоби зиндагиномаи шоистасолорӣ дар бунёди ҷомеаи боадолату мутараққӣ мебошад, ки дар хотиротамон нақши босазо гузошт. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо таъриху фарҳанги пурғановату оламгир, омӯзишу такмили дастовардҳои фарҳанги муосир дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дарвоқеъ, даҳ соли амали қонуни мазкур бори дигар собит намуданд, ки дар раванди татбиқи ин санади муҳим мушкилиҳо тадриҷан аз байн рафта, барои беҳтар гардидани зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам гардид. Ин қонун агар аз як ҷиҳат меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намуда бошад, аз тарафи дигар чун мушкилкушо ё василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат намуд. Он дар фаъолияту зиндагии ҳаррӯзаи мо, занону модарон, чун як дастури раҳнамо хидмат карда, моро водор месозад, ки ба хотири рӯзгори нек ва зиндагии шоистаи наслҳои оянда саҳмгузор бошем.
Аз ин ҷост, ки дар суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, занону модарон такя намуда, иброз намуданд, ки барои сарфаву сариштакорӣ, аз байн бурдани расму оини барои мо бегона ва баҳри решакан намудани вуруди анъанаву суннатҳои бегона, ки барои фарҳанги миллати мо хос нестанд, роҳ надиҳем.
Баъди суханронии Пешвои миллат мардуми кишварамон бори дигар дарк намуданд, ки ҳангомаву таассубкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо, тӯю маросимҳои азодорӣ ҳаргиз ба фоидаи кор нест.
Қонуни мазкур чун нахустин санади миллӣ дар таҷрибаи қонунбарории кишвар, моро аз вартаи камбизоатӣ раҳо дода, дар зарфи даҳ сол самараи назаррас ба бор овард. Ба ибораи дигар, қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми кишвар боиси таҳаввулоти фарҳангиву иҷтимоии куллӣ гардид. Он падидаҳои манфие, ки солҳои зиёд ҳамчун анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зуҳур ёфта буданд, бо қабули ин қонун дар ҳоли батамом аз байн рафтан ҳастанд.
Вале, мутаассифона, бархе аз мо, занону духтарон ба ҷойи ҳимоя ва рушду тарғиби фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд.
Фарҳанги либоспӯшӣ низ махсусиятҳои худро дошта, он дар рушду инкишофи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори милии инсон нақши муҳим мебозад. Либос ё пӯшок на танҳо талаботи ҷисмонии одамро қонеъ месозад, балки он як навъ арзишу моҳияти маънавӣ ҳам дорад. Либос дар тинати одам эҳсоси зебоипарастӣ, озодагию хулқу рафтори ҳамидаро ҷой намуда, инсонро ҳушдор месозад, то хушбину хушрафтор бошад. Либос нишондиҳандаи сатҳи маърифат ва дараҷаи камолоти одам аст. Либоспӯшӣ санъат аст, ки қоида ва нозукиҳои худро доро буда, пӯшида тавонистани он ҳунар аст. Маъмулан, одам ҳама вақт ба навгонӣ, дигаргунӣ ва мӯди нав майл дорад, вале одоби пӯшидани либос бояд фаромӯш нашавад ва одам ба кадом халқу миллат мансуб будани худро набояд фаромӯш созад. Либос, пеш аз ҳама, таҷассумгари симои миллии ҳар қавму миллат аст.
Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти худ ва миллати хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад, ки ҳамеша худогоҳу хештаншинос бошад, ё чизеро омӯзад, ки боиси рушд ва сарбаландиаш гардад. Аз ин лиҳоз майл ба таассуб ба фарҳанги бегона доштани инсон айб ва камбудии бузург аст.
Таассубу тақлидкорӣ оқибати хуб надорад, тавре ки дар шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ омадааст:
Беҳ зи тақлиде назарро пеша кун,
Ҳам барои ақли худ андеша кун.
Роҳи тақлид аст охир бебақо,
Ақл дар ин роҳ мегардад фано.
Моили тақлид бенангасту ном,
Русияҳ гардад миёни хосу ом.
Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори зиндагии худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузурге созад. Ин бузургӣ ба хираду донишу ҷаҳонбинии кас вобастагӣ дорад.
Имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз байн бурдани одати бади бегонапарастӣ дар байни занону духтарон дар гузаргоҳҳои шаҳру ноҳияҳо, бозору марказҳои савдо бо бонувоне, ки рӯ ба тақлиди беҷо овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом медиҳад. Ҳангоми чунин суҳбатҳо маълум мегардад, ки сабабҳои рӯ овардани иддае аз занону духтарони мо ба либоси бегона агар аз як тараф тақлидкорӣ, мӯд ҳисобидани чунин либосҳо ва зоҳирпарастии онҳобошад, аз ҷониби дигар маҷбурсозии шавҳар, падару модар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири манфии фарҳанги бегона тавассути интернет, тамошои кинофилмҳо ва дигар василаҳо маҳсуб меёбад.
Барои пешгирӣ аз ин раванд, ба андешаи мо, боз ҳам боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ дар ниҳоди шаҳрвандони мо бағоят муҳим аст. Зарур аст, барои мардону занон ҳарчи бештар намунаҳои беҳтарин ва шинаму замонавии либосҳои миллӣ тарғибу намоему тавсеа бахшем, моҳияту мазмуни ин либосҳоро фаҳмонем. То ки занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта тавонанд. Зеро сатру ҳиҷоб на моли мо будаву на хоси фарҳанги мост. Бархе аз занону модарон, ки ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд, на худогоҳанду на хештаншинос. Қабл аз ҳама, аз арзишҳои фарҳанги миллии хеш бехабаранд.
Хулласи калом, мо бояд ҳарчи бештар либоси миллии худро ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллати тоҷик ва асоси ҳуввияти миллӣ ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намоем. Бо ин мақсад Кумитаи кор бо занон ва оила барномаю нақшаҳо таҳия карда ва пайи иҷрои онҳост.