Россия ҳамоно барои Тоҷикистон шарики асосии тиҷоратист

Июль 20, 2017 10:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Россия ҳамоно  яке аз шарикони асосии   тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боқӣ мемонад. Тибқи оморҳои гумрукӣ беш аз 34 фоизи воридоти  мол ба Тоҷикистон ба Россия рост меояд.  Сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло  Ҳасанзода мегӯяд, ки ба Тоҷикистон аз Россия асосан дар ин давра сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока ворид карда шудааст.

Дар ин раддабандӣ Қазоқистон  аз рӯи нишондод бо 19 фоизи ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон зинаи дуюмро касб намудааст.  Ин кишвари Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон асосан  орд, гандум, гази моеъ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот намудааст.  Ҳамзамон  воридоти  мол ба Тоҷикистон аз Чин  беш аз 18 фоиз, Туркия  наздик ба чор фоиз,  Олмон се фоиз, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон беш аз ду фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва Туркия  бештар молу молу маҳсулот содирот  гардидааст.  Ҳаҷми асосии содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон  беш аз 35 фоиз, Туркия зиёда аз 22 фоиз  буда, зинаҳои баъдӣ ба  Тайван 7,3 фоиз, Афғонистон 6,5 фоиз, Ӯзбекистон  5,6 фоиз, Чин 4,1 фоиз, Эрон 2,2 фоиз,  Россия, Амрико, Покистон ва Италия беш аз 1,5 фоиз рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни  нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон мубодилаи мол дошт. Мавсуф зикр кард, ки омӯзиш ва  таҳлили гардиши  тиҷорати хориҷии Тоҷикистон  бозгӯи он аст, ки дар ин  давра бо назардошти баъзе омилҳо- бӯҳрони  молиявӣ, вазъи  сиёсии баъзе кишварҳо, пастравии рушди иқтисодиёти бархе аз давлатҳое, ки шарики  тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд,  талабот ба як қатор молу маҳсулоти содиротию воридотӣ   кам гардидааст. Аз ин рӯ,  гардиши тиҷорати хориҷии  ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  беш аз 12 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла  нисбат ба ҳамин давраи соли  2016  гардиши тиҷорати хориҷӣ  бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/    7 фоиз ва бо давлатҳои хориҷи дур беш аз 27 фоиз  кам гардидааст.  Мавриди зикр аст, ки  тиҷорат дар ин давра бо кишварҳои ИДМ  964 миллион доллар  ё наздики 58 фоиз  ва бо давлатҳои хориҷи дур зиёда аз 718 милион доллар ё  беш аз 42 фоизи гардиши тиҷорати хориҷии кишварамонро  ташкил дод.

 

Июль 20, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад