Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ТЭТ ҲНИТ-ро дар қатори ДИИШ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил намуд

Июль 15, 2017 18:28

ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Расонаи бонуфузи хабарии  Олмон «Abendzeitung Munchen» бо истинод  ба сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, ки  дар мувофиқат бо  Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти рақами №79,  ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд. Қаблан ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ, монанди «Ал-Қоида», ДИИШ, Ҳаракати Толибон, «Бародарони мусалмон» ва ғайра номнавис  шуда буданд.

Дар ҳолати ҳозира, чанде аз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ таҳти  роҳбарии M. Кабирӣ дар давлатҳои ғарбӣ будубош доранд.  Ҷомеаи  олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои эътирозии Кабирию пайравонаш (ҳарчанд таъсиргузор набошанд ҳам), аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламраваш қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд.

Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби  муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо  барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд,  истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблитғгарони гурӯҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд,  аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд.

ТЭТ ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳгори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои  90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ   зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирорӣ гардиданд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари  ИМА хисорот расид. Дар ҳамин давра,  бо роҳнамоӣ  ва  пуштибонии ТЭТ ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон, аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи-24» ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди  Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ   ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон  аъзои ТЭТ ҲНИТ  мебошанд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ M.Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи A. Назарзода дар Тоҷикистон аст.  Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интерпол эълон шудааст. Дар рӯйхати ашхоси таҳти  ҷустуҷӯ қарордошта, ному насаби номбурда бо нишонаи сурх ишора шудааст, ки маънии фавран боздошт шуданро дорад.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии  СҲШ чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки ҳудуди умумии 34,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 3,3 миллиард нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг  месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот  барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.

 

Матлаби мазкур дар асоси ахбори

ВАО-и хориҷӣ  таҳия шуд

Июль 15, 2017 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон