Сокинони Хуҷанд масъулияти ватандӯстӣ, тарзи либоспӯшии миллӣ ва анъанаҳои хоси миллии тоҷикиро ба хубӣ дарк менамоянд
ХУҶАНД, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми тоҷикро водор намуд, то ба таърих ва анъанаҳои миллии худ бори дигар рӯ оварда, анъанаҳои хоси тоҷикона, аз ҷумла либоспӯшии миллиамонро ҳифз намоем.
Дар ин ҷода масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани фарзандон, аз ҷумла духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, тарғиби ҳунари кадбонугии занон дар миқёси шаҳр бо занону духтарон суҳбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода иттилоъ дод, мутобиқ ба дастури шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маркази вилояти Суғд бо мақсади таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегона, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ ва таҳкими корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, соли равон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. То ин дам аз ҷониби ин гурӯҳ дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Гурӯҳи корӣ аз 100 нафар ва 21 зергурӯҳ иборат буда, ба ҳар як гурӯҳ фаъолзанон, вакилони шаҳрӣ, собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, ходимони дин, аъзои Шӯрои бибиотунҳо, раисони кумита ва шӯрои занҳои маҳалла, инчунин зиёиён шомил буда, ҳафтае як маротиба дар назди муовини раиси шаҳр маҷлиси натиҷагирии фаъолияти кории ин гурӯҳҳо доир мегардад.
Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло бархе аз занон моҳияти либоси ғайримиллӣ, хосатан либосҳои сиёҳеро, ки ба анъанаҳои миллии мо ягон иртибот надоранд, дарк намуда, аз тақлидкории ноогоҳона даст кашида истодаанд.
Гурӯҳи корие, ки ба он масъулини шуъбаҳои кор бо занон ва оила, робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, нозирони минтақавӣ, намояндагони соҳаи маорифу тандурустӣ, фаъолзанон ва раисони маҳаллаву шӯроҳои занон шомиланд, тибқи нақшаи корӣ шурӯъ аз 11 апрели соли равон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳафтае 4 маротиба суҳбатҳои тарғиботӣ ва мулоқот бо сокинонро доир менамояд.
То имрӯз аз ҷониби гурӯҳи мазкур дар 7 бозор, 22 маҳаллаи шаҳр, беш аз 20 маркази савдо бо сокинон ва кормандону фурӯшандагони онҳо мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Аксарияти мардуми шаҳри Хуҷанд иқдоми пешакардаи гурӯҳҳои кориро ҷонибдорӣ намуда, масъулияти ватандӯстӣ, тарзи либоспӯшии миллӣ ва анъанаҳои хоси миллии тоҷикиро ба хубӣ дарк менамоянд. Зеро либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг аз рукнҳои асосии ҳастии миллатамон маҳсуб мешавад.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






