Суғд: аз аввали сол дар кӯлу дарёҳо 21 нафар ғарқ шудаанд
ХУҶАНД, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои вилояти Суғд 36 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуда, бо саривақт хабардор намудан 15 нафар наҷот дода шуда, ҷасади 21 нафар аз об бароварда шудааст, ки ин рақам нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 9 нафар ғарқшуда зиёд мебошад. Ин матлаб дирӯз зимни нишасти матбуотии Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин аз оғози соли равон то имрӯз дар ҳудуди вилояти Суғд 328 ҳодисаҳои фавқулодаи дорои хусусияти гуногун дошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо 75 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Маблағи умумии зарари расида бошад ба 2 млн. 270 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Баҳри таҳти назорат қарор додани мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби масъулин ситоди ҳолатҳои фавқулода рӯйхати мавзеъҳои хавфноки шимоли кишвар тартиб дода шудааст, ки он 293 мавзеъро дарбар мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






