Таҷдиди НБО «Қайроққум» тирамоҳи соли равон оғоз мегардад
ХУҶАНД, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарор аст, ки таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» аз моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, то соли 2022 даидома меёбад. Корҳои таъмиру таҷдид дар ду марҳила амалӣ шуда, он аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Бонки инвестисионии Аврупо (БИА) маблағгузорӣ хоҳанд гардид. Доир ба ин масъала ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ин Неругоҳ масъулини Шабакаҳои барқии вилояти Суғд зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи роҳбарияти ШБВС Тӯра Атамов, асосноккунии техникиву иқтисодии ин лоиҳа аз тарафи ширкати мушовири австриягӣ «1C consulenten» иҷро гардида, мувофиқи он таҷдид дар ду марҳила амалӣ мешавад. Дар давраи аввал аз шаш агрегати то имрӯз фаъол ивази ду агрегат ба нақша гирифта шуда, маблағи корҳои иҷрошаванда 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташил хоҳад дод. Марҳилаи дуввум бошад, чор агрегат ва таҷҳизоти ёрирасонро дар бар мегирад. Маблағи умумии лоиҳа 170 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он имкон медиҳад, то истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Қайроққум» то 38% зиёд гардида, иқдидори он аз 126 ҳазор кВт.соат то ба 174 ҳазор кВт.соат расонида шавад.
Ба иттилои масъулин, дар нимсолаи аввали соли равон дар НБО «Қайроққум» 471,9 млн.кВт.соат энергияи барқ истеҳсол гардида, қабули умумии энергияи барқи истифодагардида зиёда аз 2,13 млрд.кВт. соатро ташкил додааст, ки 1,84 млрд.кВт.соати он энергияи барқи фоиданоки истифодабурда ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ин давра дар Неругоҳ таъмири ҷории 4 гидрогенератор, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки нақшаи сохтмони НБО «Қайроққум» ҳанӯз солҳои 1940 таҳррезӣ шуда, он соли 1957 ба истифода дода шудааст. Дар муддати 61 соли корӣ аксари таҷҳизоти он куҳнаву таъмирталаб ҳам шудаанд. Дар айни ҳол системаи энергетикии вилояти Суғдро шаш шабакаи барқии минтақавӣ, ки 18 шабакаи шаҳру ноҳиявиро дар бар мегирад, ҳамчунин Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» ташкил медиҳанд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






